Иштироки донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Posted Thu, 07/05/2026 - 14:21
By admin
олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад...» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Чорабинии мазкур рӯзҳои 7–8 майи соли 2026 баргузор гардида, дар он донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок ва сабқати дониш менамоянд.

Дар олимпиада аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон низ се нафар донишҷӯён иштирок доранд. Аз ҷумла, Иброҳимзода Сарвиноз — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси мусиқишиносӣ аз фанни ҳуқуқ, Туразода Шаҳром — донишҷӯи курси якуми ихтисоси навозандаи эстрадӣ аз фанни забони англисӣ ва Каримов Муҳаммад — донишҷӯи курси якуми ихтисоси режиссураи ороиши овозӣ аз фанни забони русӣ маҳорати худро меозмоянд.

Бино ба иттилои намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 490 нафар донишҷӯён иштирок доранд. Олимпиада бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқат, рушди ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон, инчунин муайян намудани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор карда мешавад.

Иштироки донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар чунин чорабинии муҳим бори дигар собит месозад, ки дар муассиса дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусии санъати мусиқӣ ба фанҳои ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Ҳузури донишҷӯёни соҳаи санъати мусиқӣ дар чунин чорабиниҳои илмӣ бозгӯи сатҳу сифати таълим, ҷаҳонбинии васеъ ва омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯёни консерватория мебошад.

Қайд гардид, ки чунин озмунҳои илмӣ барои таҳкими дониш, баланд бардоштани рақобатпазирии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, баргузории олимпиада имконияти хубест барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат.