Тақдими тӯби рамзӣ бахшида ба рӯзи ҷаҳонии футбол

Posted Thu, 14/05/2026 - 17:50
By admin
Рӯзи ҷаҳонии футбол

Дар доираи баргузории аксияи табрикотии ҳизбӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” таҳти унвони “Ҳар ташаббусе ҳадя ба ҷаҳон” роҳандозӣ гардидааст, санаи 14-уми майи соли 2026 намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ташриф оварданд.

Зимни баргузории ин иқдом меҳмонон роҳбарият, ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Консерваторияро ба муносибати таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол” самимона табрик намуда, ба унвони рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш — футбол, ба ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Баҳодур Давлат тӯби рамзии футбол тақдим карданд.

Ҳамзамон, намояндагони ҳизб таъкид намуданд, ки эълон гардидани 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин иқдоми муҳим бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Дар ин замина саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешбурди арзишҳои варзишӣ ва таҳкими мавқеи футбол дар арсаи байналмилалӣ махсус арзёбӣ гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандони Консерватория дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва дастёбӣ ба комёбиҳои нав дар ҷодаи варзиш барору муваффақият таманно карда шуд.

Аксияи мазкур дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш арзёбӣ шуд.