«Конститутсия - Бахтномаи Миллат»
Зери чунин унвон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии магистрантон баргузор гардид.
Имрӯз, 5 ноябри соли 2026, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии магистрантон таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» бо иштироки омӯзгорону кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни муассиса дар фазои созанда ва самимӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия арҷгузорӣ ба ин санади муқаддаси давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби арзишҳои конститутсионӣ дар байни насли ҷавон арзёбӣ гардид.
Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсияи Консерватория Назархудоев Назархудо Назарбекович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии ифтитоҳӣ аҳаммияти таърихиву сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади сарнавиштсоз дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таъкид намуд. Ӯ иброздошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин роҳнамои рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.
Сипас, аз номи роҳбарияти муассиса сардори раёсати таълим Қурбонзода Оятулло Баракатулло ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихиву сиёсӣ самимона табрик намуда, дар суханронии худ аз хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ёдовар шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки донистану эҳтиром намудани меъёрҳои Конститутсия ва риояи талаботи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонони соҳибмаърифат ва ояндасоз мебошад.
Дар идомаи конференсия магистрантони соли дуюм бо маърӯзаҳо баромад намуда, паҳлӯҳои гуногуни аҳаммияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маърифатии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Қаҳҳоров Фирӯз дар мавзуи «Конститутсия — аввалин ҳуҷҷати тақдирсоз», Некрӯз Азизов дар мавзуи «Конститутсия — бахтномаи миллат» ва Ғафаров Аъзамҷон дар мавзуи «Конститутсия — оинаи маърифати ҳуқуқӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Маърӯзачиён зимни баромадҳои худ нақши Конститутсияро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мавриди таҳлил қарор дода, аҳаммияти ин санади олии ҳуқуқиро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шарҳ доданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои густариши ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши амиқи арзишҳои давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Конференсия дар фазои созанда ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва роҳнамои фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
