Баргузории якшанбегӣ дар Консерваторияи миллӣ
Имрӯз, 1-уми марти соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандони бахши хоҷагидорӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён якшанбегӣ баргузор гардид.
Дар раванди кор кормандон бо анҷом додани корҳои поксозӣ, ҷамъоварии партовҳо ва ба низом даровардани гулу буттаҳои гирду атрофи бинои таълимӣ, ҷиҳати нигоҳдории муҳити корӣ дар ҳолати тоза ва зебо саҳми арзандаи худро гузоштанд.

