Опера бо номи «Рӯдакӣ» дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ

Posted Tue, 06/28/2022 - 13:50
By admin

Санаи 31.05.22 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз ҷониби студияи операвии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов опера бо номи «Рӯдакӣ» намоиш дода шуд.

Ин опера аз 2 парда ва 5 намоиш иборат буда, муаллифони либретто С. Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд, ки донишҷӯёни консерватория онро бо маҳорати баланд иҷро карданд.

Басаҳнагузорандаи намоиш Раҳмонов Манучеҳр, дирижёр Солиҳов Алишер, омӯзгори синфи операвӣ Баротов Шарифбек, консертмейстр Раҷабова Лола ва композитори он Шарофиддин Сайфиддинов мебошанд.