Рушди ҳамкориҳои хориҷии Консерватория
Санаи 11-уми апрел яке аз ҳунармандони машҳури кишвари Туркия, хатмкардаи Консерваторияи давлатии шаҳри Измир ва Академияи мусиқии Фолванги Олмон, дотсенти Донишгоҳи санъати тасвирии ба номи Мимар Синани шаҳри Истамбул, дорандаи ҷоизаҳои милливу байналмилалӣ, флейтанавоз Лейлия Байрамогуллари бо ҳамроҳии намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номиТ.Сатторов ташриф оварданд.
Диловар Латифзода, ноиби ректор оид ба илм ва равобити хориҷии Консерватория меҳмонро пазироӣ намуданд ва бо онҳо суҳбати самимиву дӯстона ороста, дар бораи таъсисёбии Консерватория, дастовардҳои илмиву эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамкориҳои хориҷии муассиса маълумот доданд.
Қобили қайд аст, ки мақсади ташрифи хонум Лейлия Байрамогуллари ин баргузории консерти муштарак бо дотсенти кафедраи фортепианои тахассусӣ Хосият Олимова, ки рӯзи 12-уми апрел, соати 17:00 дар Толори калон ба нақша гирифта шудааст ва баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯён мебошад.
Дарси маҳорати хонум Лейлия Байрамогуллари, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Консерватория ва коллеҷҳои санъати шаҳри Душанбе иштирок доштанд, дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, як дастури муфиди таълимиву методӣ барои омӯзгорон ва ошноӣ бо услубҳои муосири навозиши сози флейта барои донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2023, ҷаноби Умут Аҷар, пас аз тайъин гардидан ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин маротиба ба Консерватория ташриф оварда, ба муносибатҳои дӯстонаи фарҳангӣ бо муассисаи мо замина гузошта буданд.