Шанбегии кормандони Консерватория

Posted Sat, 04/05/2025 - 18:28
By admin

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву покиза нигоҳ доштани гирду атроф имрӯз бо иштироки кормандони қисми хаҷагидорӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандон ба тоза кардани ҷӯйборҳо, нармкардани бехи дарахтон ва рӯбучини атрофи бинои таълимӣ машғул шуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳуми покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Бино бар ин, машғул шудан ба чунин амалҳо аз суннатҳои дерини миллати куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад.