Шоми мусиқии фортепиано
Бахшида ба 33-юмин солагарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дирӯз дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти мусиқии фортепиано доир гардид.
Барномаи консертиро ректори Консерватория Достизода Миралӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Консерти мазкур бо дастгирии роҳбарияти Консерватория ва сарпарастии Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ барпо гардида, дар он устодону донишҷӯёни Консерватория ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ҳунарнамоӣ карданд. Дар барномаи консертӣ оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони маъруфи тоҷик, рус ва аврупоӣ, аз қабили Я. Сабзанов, Т. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, А. Скрябин, А. Хачатурян, Ф. Шопен ва Э. Григ садо доданд.
Устодону донишҷӯёни Консерватория ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов бо маҳорати баланди навозандагӣ асарҳоро иҷро намуда, сазовори таҳсину офарини кулли ҳозирин гаштанд.