Баргузории шанбегӣ дар консерваторияи миллӣ
Ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми майи соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки омӯзгорони факултети мусиқи сунатии тоҷик ва кормандони бахши хоҷагидорӣ, дар бинои Консерваторияи миллӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар раванди шанбегӣ устодон, донишҷӯён ва кормандон заминҳои холии бинои асосии Консерватория нарму ҳамвор карда, ва гулу буттаҳои гирду атрофи бинои таълимиро ба тартиб дароварда, дар покию беҳдоштӣ ва зебоии як қисми пойтахти азизамон саҳм гузоштанд.
