Ҷашни мавлуд муборак, арбоби ҳунари Тоҷикистон

Posted Fri, 02/21/2025 - 16:13
By admin
Қудратулло Ҳикматзода

Раёсат ва Иттифоқи касабаи устодону кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори кафедраи композитсия ва созбандӣ Қудратулло Ҳикматзодаро ба муносибати 70-умин солгарди баҳори умрашон аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба устод пеш аз ҳама умри дароз, тани сиҳат ва дар корҳои илмиву эҷодиашон бурдбориҳои беназирро таманно доранд.