Дастовардҳои назаррас дар шашмоҳаи аввали соли 2026
4 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» тибқи нақшаи тасдиқшудаи нишастҳои матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар», хабаргузории «Авеста», радиоҳои «Тоҷикистон», «Ховар» ва «Садои Душанбе», телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Сайёҳӣ ва мардумӣ», инчунин рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Омӯзгор», «Маърифати омӯзгор», «Фараж», «Оила», «Фирӯза», «Илм ва ҳаёт», «Истиқбол», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дигар расонаҳо иштирок намуданд.
Ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат зимни суханронӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки фаъолияти Консерваторияи миллӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти Консерваторияи миллӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсил, такмили барномаҳои таълимӣ, рушди корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин таҳкими фаъолияти эҷодӣ ва иҷрокунандагии омӯзгорону донишҷӯён равона гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Консерваторияи миллӣ 424 нафар донишҷӯ таҳсил намуданд, ки аз онҳо 65 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Теъдоди донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 нафар ё 20 фоиз афзоиш ёфтааст.
Муассиса аз рӯйи низоми кредитии таҳсил фаъолият намуда, мутахассисонро аз рӯйи 13 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 14 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура (PhD) омода месозад.
Дар идомаи нишаст ректор доир ба дастовардҳои Консерваторияи миллӣ дар самтҳои таълим, илм, фаъолияти эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар қисми саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба иҷрои нақшаи қабул, таъсиси ихтисосҳои нав, истифодаи технологияҳои муосири таълим, норасоии омӯзгорони фанни суруд ва мусиқӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, ҷалби сармоягузорӣ, иқтидори илмии муассиса ва дигар масъалаҳои мубрам суолҳо пешниҳод карданд.
Ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Баҳодур Давлат ва муовинони ректор ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас ва қаноатбахш дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Консерваторияи миллӣ ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мебошад, ки мутахассисони соҳаи навозандагӣ, сарояндагии суннатӣ ва эстрадиро омода месозад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар соли таҳсили гузашта нақшаи қабул дар ҳамаи зинаҳои таҳсил пурра иҷро шуда, соли ҷорӣ низ барои иҷрои саддарсадии он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Зимни посух ба саволҳо оид ба рушди иқтидори илмӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Лутфулло Шарифзода изҳор дошт, ки иқтидори илмии Консерватория аз 20,5 %-и дар охири соли 2025 ба 22,6 % дар шашмоҳаи аввали соли 2026 расидааст ва баланд бардоштани сатҳи иқтидори илмии Консерваторияи миллӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти муассиса мебошад. Бо дарназардошти ҳайати омӯзгорони дорои унвонҳои давлатии соҳаи санъат, ки тибқи тартиби додани унвонҳои илмӣ дар ҶТ иҷрокунандагони вазифа мебошанд, ин нишондиҳанда ба 40,2 % баробар мебошад.
Ҳамчунин, ба саволҳо вобаста ба идомаи мактабҳои эҷодии ҳунармандони маъруфи тоҷик посух дода шуда, зикр гардид, ки Консерваторияи миллӣ сиёсати идомаи анъанаҳои беҳтарини мактабҳои авлодиро пайгирона идома медиҳад. Аз ҷумла, дотсент Исмоил Назриев ҳамчун идомадиҳандаи мактаби эҷодии ҳунарманди мардумӣ Абдулло Назриев дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар шашмоҳаи аввали соли 2026 дар маҷмуъ мусбат арзёбӣ гардида, натиҷаҳои бадастомада аз иҷрои босифати вазифаҳои асосии муассиса дар самтҳои таълим, илм, эҷод, тарбия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳбарияти муассиса ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва татбиқи нақшаҳои минбаъдаи рушд тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими иқтидори илмӣ ва эҷодии Консерватория пайваста кӯшиш хоҳад кард.
