Хушхабар! «Хуттали Қадим» ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд

Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ арзишҳои фарҳангии моддию маънавии тоҷикон шоиста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешаванд.
12 июли соли 2025 дар Ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж аз 6 то 16-уми июл идома мекунад, парвандаи «Хуттали Қадим» расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт.
Парвандаи «Хуттали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон мебошад:
Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа
Ёдовар мешавем, ки корҳо дар самти таҳия намудани парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул барои омода намудани парвандаи мазкур таъйин гардида буд.
Вобаста ба ин гурӯҳи корӣ таъин гардида барои омодасозии парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” беш аз 200 ёдгории вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор дода, аз онҳо 11 ёдгорироинтихоб намуда, парвандаи номинатсиониро таҳия намуд.
Ҳамин тариқ парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” санаи 12.07.2024. ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО (Tentative List) ворид карда шуд.
Шоистаи зикр аст, ки яке аз талаботҳои асосии ЮНЕСКО барои ворид намудани парвандаи номинатсионӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз наздик шинос гардидани намояндаи ИКОМОС бо ёдгориҳои шомили парванда мебошад. Бо ин мақсад санаи 09-16.09.2024 яке аз экспертони ИКОМОС ҷаноби Жан Ясмин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати арзёбии силсилаёдгориҳои шомили парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” сафар намуд. Гуруҳи корӣ тавсияҳои пешниҳоднамудаи намояндаи ИКОМОС-ро иҷро намуда, шакли ниҳоии парвандаро барои баррасӣ ба Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ирсол намуд.
Ҳамин тавр, зимни Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО силсилаёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳони ЮНЕСКО шомил шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон