Консерти синфии омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ

Posted Thu, 10/17/2024 - 21:24
By admin

Бахшида ба 33-юмин солагарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти синфии омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ доир гардид, ки дар он устодон, магистратон, консертмейстерон ва донишҷӯёни Консерватория иштирок намуданд.

Барномаи консертии кафедраи фортепианои умумӣ хеле хуб таҳия шуда, оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони маъруфи тоҷик, рус ва аврупоӣ, аз қабили З. Шаҳидӣ, Ф. Одинаев, М. Обидҷон, З. Миршакар, М. Иброҳимзода, Ф. Баҳор, А. Грибоедов, Р. Лованд, Ф. Шуберт, Ю. Полунин, К. Вебер, М. И. Глинка, садо доданд. Дар ин консерт махсусан донишҷӯён ва маристрантони шуъбаҳои композитсия хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд. Хусусияти консерти имсола аз он иборат буд, ки дар барнома ҳам асарҳои барои фортепиано офарида шуда ва ҳам асарҳо бо ҳамовозии солистон (сарояндаи академӣ), сози скрипка ва гитара ворид карда шуда буданд. Устодону донишҷӯёни Консерватория бо маҳорати баланди навозандагӣ асарҳоро иҷро намуда, сазовори таҳсину офарини кулли ҳозирин гаштанд.

Дар анҷоми консерт сардори раёсати таълим устод Мирзоев В. М. ба иҷрокунандагони консерт ва устодони онҳо изҳори минатдорӣ намуда, зикр карданд, ки ҳам курсҳои якум ва ҳам курсҳои болоӣ хеле хуб баромад намуданд. Консерти кафедраи фортепианои умумӣ хеле ҷолиб ва хотиромон ташкил карда шуда, роҳбарии онро мудири кафедраи фортепианои умумӣ Рустамова Ҷамила Шарофиддинова ба уҳда доштанд.