Ваҳдати миллӣ ва ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон - дар меҳвари ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ
Имрӯз, 26-уми июни соли 2026, дар майдони назди Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқболи ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки дирӯз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир гардида, дар он аҳли фарҳангу ҳунари пойтахт, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, эҷодкорон ва доираҳои васеи ҷомеа фаъолона ширкат варзиданд.
Дар асоси барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2026 ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби муҳтавои қатъномаи мазкур, роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон низ дар чорабинӣ иштироки фаъолона намуда, ҳамраъйии худро аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд, изҳор намуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф ва дастаҳои эҷодии муассисаҳои фарҳангии кишвар баргузор гардида, тараннумгари арзишҳои Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, дӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ буд.
Иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ бозгӯи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва саҳмгузорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.
