Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи ваҳдати миллӣ
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили рушди устувори давлат ва шукуфоии фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, дар таҳкими сулҳу субот, худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва пешрафти ҷомеаи демократӣ нақши бузург дорад. Имсол мардуми Тоҷикистон ин санаи сарнавиштсозро дар фазои орому осуда ва дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ Лутфулло Шарифзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намуда, дар роҳи рушди устувор ва пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.
Сипас табрикоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат манзур гардид. Дар суханронии худ ӯ иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ таҷассуми иродаи қавии мардуми тоҷик буда, маҳз тавассути он орзуву ормонҳои чандинсолаи миллат амалӣ гардиданд. Зикр шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар таъмин гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона ҳаракат дорад.
Дар идомаи кори конференсия номзади илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар мавзуи «Муколламаи байни тоҷикон: омили ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» маърӯза намуд. Мавсуф зимни баромади худ аҳаммияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро таъкид намуда, нақши он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли кишварро шарҳ дод. Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва саҳми он дар муттаҳидсозии ҷомеа маълумоти муфид пешниҳод гардид.
Баъдан муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Лутфулло Шарифзода дар мавзуи «Нақши забон дар таҳкими ваҳдат ва Истиқлоли миллӣ» суханронӣ намуда, ҷойгоҳ ва аҳаммияти забони давлатӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва рушди давлатдории тоҷиконро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар қисми ҷамъбастии ҳамоиш мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Назархудо Назархудоев шеъри тозаи худро таҳти унвони «Ваҳдат» қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Конференсия дар фазои самимӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён бори дигар аҳаммияти сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва пешрафти фарҳанги миллӣ таъкид намуданд.
