Фарҳанг‒ҷавҳари ҳастии миллат

Posted Thu, 10/09/2026 - 15:33
By admin
Фарҳанг‒ҷавҳари ҳастии миллат

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби арзишманди «Фарҳанг‒ҷавҳари ҳастии миллат» ба нашр расид.

Китоби мазкур дар ҳаҷми316 саҳифа дастовардҳо, таҳаввулот ва раванди рушди соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ инъикос намуда, ба масъалаҳои эҳёи суннату арзишҳои миллӣ, рушди санъати касбӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бахшида шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар маҷмуаи мазкур мақолаҳои устодони Консерватория имиллии Тоҷикистон низ ҷой дода шудаанд, ки ин бозгӯи саҳми муассисаи мазкур дар рушди илму санъати мусиқии миллӣ мебошад.
 

Аз ҷумла, мақолаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мусиқӣ» ва мақолаи муовини ректор оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Лутфулло бо унвони «Мусиқишиносии тоҷик дар марҳилаи нави рушд: аз ҳимояи рисолаҳо то эътирофи байналмилалӣ» дар китоб ба табъ расидаанд.

Ин мақолаҳо нақши муҳими сиёсати фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ, рушди илми мусиқишиносӣ ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавиро дар пешрафти санъати мусиқии тоҷик бозгӯ менамоянд.

Китоби «Фарҳанг‒ҷавҳари ҳастии миллат» барои кормандони соҳаи фарҳанг, аҳли ҳунар, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва доираи васе ихонандагон пешбинӣ гардида, ҳамчун сарчашмаи арзишманди маърифатию соҳавӣ аҳамияти муҳим дорад.

Фарҳанг‒оинаи таърих, сарвати маънавӣ ва ҷавҳари ҳастии миллат аст!

Гузориши Некруз Баҳромов