Барномаи консертӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Posted Tue, 11/08/2026 - 22:51
By admin
35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Имрӯз, 11 августи соли 2026, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Айнӣ дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ тибқи тартиби баргузории барномаҳои идонаи консертӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, ки 3 августи соли 2026 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, баргузор шуд.

Дар барномаи консертӣ омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов иштирок намуда, суруду таронаҳои миллӣ, намунаҳои мусиқии суннатии тоҷик ва сурудҳои эстрадиро иҷро карданд.

Барномаи ҳунарии устодону донишҷӯёни Консерватория бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва намунаҳои мусиқии суннатии тоҷик ба арҷгузорӣ ба Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ бахшида шуда, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.