Иштироки ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар xii-умин форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳид
24–26-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург XII-умин Форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳид таҳти унвони «Фарҳангҳои муттаҳид — арзишҳои умумӣ» (Объединенные культуры - общее ценности) баргузор гардид. Форум ҳамчун майдони байналмилалии муколама ва ҳамкориҳои фарҳангӣ намояндагони расмии беш аз 50 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар XII-умин Форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳид бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар кори форуми байналмилалӣ ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён О.О., инчунин Сафарзода Т.Т. ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат иштирок намуданд.
Иштироки роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои санъати мусиқии касбии тоҷик, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, табодули таҷриба бо муассисаҳои фарҳангиву таълимии кишварҳои гуногун ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Консерватория аҳаммияти муҳим дорад.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов минбаъд низ дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва эҷодӣ ва муаррифии мусиқии касбии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳад кард.
