Такмили ихтисоси кормандони соҳаи мусиқии касбӣ

Posted Mon, 06/04/2026 - 13:33
By admin

Имрӯз, 6-уми апрели соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистонба номи Талабхӯҷа Сатторов курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи мусиқии касбӣ барои омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ҳадаф аз ин курсҳо омодасозии боз ҳам беҳтари омӯзгорони мазкур аз рӯи бахшҳои гуногуни санъати мусиқии касбӣ, аз қабили сарояндагии анъанавӣ, академӣ, эстрадӣ, санъати навозиши асбобҳои халқӣ, эстрадӣ, созҳои халқӣ, фортепиано ва ғ. мебошад.

Курсҳои мазкур муддати ду ҳафта идома ёфта, ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳо (сертификатҳо) супорида мешавад.