Унвонҳои давлатӣ муборак!
Дар арафаи ҷашини 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар устодони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов соҳиби унвонҳои давлатии фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардиданд, ки аз саҳми таълимгоҳ дар рушди санъати мусиқии касбӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа шаҳодат медиҳад. Яке аз онҳо овозхони жанри эстрадӣ Исматулло Холиқов – шахсе, ки дар рушду нумуи эстрадаи тоҷик саҳми муносиб гузоштааст ва дигаре устоди кафедраи созҳои халқии Консерватория, мутриби шинохта Абдураҳмон Матхолов мебошад, ки чун навозандаи сози халқии рубоб дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст. Сазовор гардидани устодони Консерваторияи миллӣ ба ин унвонҳои давлатӣ эътироф гардидани хизматҳои шоистаи ин ду ҳунарманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пазируфта шудани истеъдод ва ҳунари устодони Консерваторияи миллӣ бори дигар собит месозад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба санъати мусиқии касбӣ таваҷҷуҳи хос дошта, хизматҳои устодони санъатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назари худ дур намекунанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони Консерватория ва ба хусус, ҳунармандони таълимгоҳ Исматулло Холиқов ва Абдураҳмон Матхоловро бо ин дастоварди бузург табрику таҳният намуда, боварии комил дорем, ки минбаъд низ онҳо дар рушду нумуи санъати мусиқии касбии тоҷик ва тарбияи мутахассисони соҳа саҳми арзандаи хешро дучанд менамоянд.
Унвонҳои давлатӣ муборак!