Баргузории дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони Ҷопонӣ
30 сентябри соли 2026 дар ҳошияи «Шоми дӯстӣ» — консерти дӯстии Ҷопон ва Тоҷикистон, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарси маҳорат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни факултети иҷрокунандагӣ фаъолона иштирок намуда, аз таҷрибаи ҳунармандони маъруфи Ҷопон баҳра гирифтанд.
Дарси маҳоратро Дайске Кино-Шита, флейтанавози пешбари Оркестри симфонии Гуйян; Хитоми Ниикура, виолончелнавози гурӯҳи «Камерата Зурич» ва Тосия Сузуки, блокфлейтанавози шинохта, баргузор намуданд.
Ҳунармандони Ҷопон оид ба фаъолияти эҷодӣ, хусусиятҳои асбобҳои мусиқии худ ва нозукиҳои иҷрои касбӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба табодули таҷрибаи касбӣ, рушди малакаҳои иҷроӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон мусоидат менамояд.
