Консерти cинфӣ

Posted Mon, 06/09/2025 - 20:22
By admin
Консерти cинфӣ

Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти яккаи магистри бахши 2-юми кафедраи сарояндагии академӣ, синфи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Узбекистон, профессор Достизода Миралӣ Имрон Бахтӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ 9 асар аз эҷодиёти композиторони маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва чинӣ иҷро гардида, аз ҷониби устодон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки Имрон Бахтӣ шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин буда, тули чанд сол боз ба омӯзиши мусиқии академӣ дар синфи профессор Достизода Миралӣ нозукиҳои ин соҳаро меомӯзад. Имрон Бахтӣ аз шумори сарояндагонест, ки ба ҷуз иҷрои сурудҳои академӣ аз уҳдаи иҷрои сурудҳои халқӣ ва эстрадӣ низ ба хубӣ мебарояд.