Консерти синфӣ-ҳисоботӣ
Тибқи нақшаи баргузории консертҳои синфӣ ва ҳисоботии омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ, санаи 6-уми майи соли 2026 дар толори хурди Консерватория консерти синфӣ-ҳисоботии магистранти соли 2-юми ихтисоси сарояндагии анъанавӣ Шарифов Саидҷаъфар таҳти роҳбарии омӯзгори калон Фаридуни Ҳотам баргузор шуд. Дар консерти мазкур аз ҷониби Шарифов С. ва донишҷӯёни синфи омӯзгори калон Фаридуни Ҳотам барномаи ҷолиби консертиро таҳти унвони “Шоми фалакхонӣ" манзур намуданд. Дар баронома силсилаи Фалак иборат аз 4 қисм, рубоиёти Умари Хайём, коркарди дотсент Каримзода Саъдулло Салим, магистранти соли 2-юм Саидҷаъфар Шарифов, «Дили бедард», ғазали Соиб, оҳанги Раҳматулло Ҳошим, дар иҷрои донишҷӯи соли 1-ум Ҳоҷиакбар Вализода; «Каъбаи кӯяш», ғазали Камоли Хуҷандӣ, оҳанги Давлатманд Хол, дар иҷрои магистранти соли 2-юм Саидҷаъфар Шарифов; «Фурсати умр», ғазали Бедил, оҳанги Одина Ҳошим, дар иҷрои магистранти соли 2-юм Саидҷафар Шарифов; «Гул кардаанд», шеъри Гулрухсор Сафиева, оҳанги Давлатманд Хол, дар иҷрои донишҷӯи соли 3-юм Сафарбек Раҷабов; «Ман гули рӯйи туро», шеъри Шавкати Бухороӣ, оҳанги Тағоймурод Хушвақтов, дар иҷрои магистранти соли 2-юм Саидҷаъфар Шарифов; «Дилам месӯзад», шеъри Бозор Собир, оҳанги Одина Ҳошим, дар иҷрои магистранти соли 2-юм Саидҷаъфар Шарифов ва донишҷӯи соли 3-юм Сафарбек Раҷабов дар сатҳ ва маҳорати баланди касбӣ иҷро карда шуд ва мавриди қабули гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.
