Консерти синфии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов

Posted Thu, 06/06/2024 - 18:53
By admin

5 июни соли 2024 дар толори хурди Консерватория консерти синфии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, и.в. профессори кафедраи сарояндагии эстрадӣ Саидқул Билолов баргузор гардид.

Шогирдони устод дар барномаи консерти синфӣ оҳангҳои худи С. Билолов, ва сурудҳо аз эҷодиёти композитори номии тоҷик Фаттоҳ Одинаро дар сатҳи хеле хуб иҷро намуданд.