Консерваторияи миллӣ - мизбони номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано»-и XX-умин Бозиҳои Делфӣ

Posted Wed, 07/10/2026 - 15:18
By admin
Созҳои халқӣ

Имрӯз, 7 октябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар доираи XX-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барномаҳо аз рӯйи номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» баргузор гардиданд.

Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ ҷавонони соҳибистеъдод маҳорати касбӣ, истеъдод ва сатҳи омодагии худро муаррифӣ намуда, бо намояндагони мактабҳои гуногуни мусиқӣ таҷриба ва мубодилаи андешаҳои эҷодӣ мекунанд.
Интихоби Консерваторияи миллӣ ҳамчун яке аз маконҳои баргузории Бозиҳои Делфӣ аҳаммияти хос дорад. Муассиса ҳамчун маркази омодасозии мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ дорои имкониятҳои зарурии таълимӣ, эҷодӣ ва саҳнавӣ буда, барои баргузории чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ шароити муносиб фароҳам меорад.

Дар ин замина, мизбонии номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон аҳаммияти вижа пайдо мекунад. Зеро дар як фазои ягонаи эҷодӣ ду самти муҳими мусиқӣ — анъанаҳои сознавозии миллӣ ва санъати касбии фортепианонавозӣ — ба ҳам меоянд. Ин омезиш имконият медиҳад, ки на танҳо маҳорати инфиродии иштирокчиён, балки гуногунрангии мактабҳои мусиқӣ ва хусусиятҳои фарҳангии кишварҳои иштирокчӣ низ муаррифӣ гардад.

Мизбонии номинаҳои мусиқии Бозиҳои Делфӣ барои Консерваторияи миллӣ имкони арзишманди муаррифии мактаби мусиқии тоҷик, анъанаҳои ғании ҳунари миллӣ ва иқтидори таълимию эҷодии муассиса мебошад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба рушди маҳорати касбии ҷавонон, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат мекунанд.

XX-умин Бозиҳои Делфӣ дар Душанбе ба як майдони муҳими муколамаи фарҳангӣ ва эҷодии ҷавонон табдил ёфта, барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Мусиқӣ сарҳад надорад — он забони умумии дӯстӣ, фарҳанг ва ҳамдигарфаҳмии миллатҳост.