
Оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ҳадафи таҳкими заминаи таълимӣ-амалӣ ва эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва рушди санъати мусиқии эстрадии касбӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси оркестр ҳамчун як воҳиди таълимӣ ва эҷодӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳа аҳаммияти муҳим дошта, имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён дар шароити иҷрои зинда маҳорати ҳунарии худро такмил диҳанд.
Дар раванди таъсис ва ташаккули оркестр саҳми роҳбарияти Консерватория назаррас мебошад. Ректори муассиса Достизода Миралӣ таъкид намуда, ки Консерватория ҳамчун меваи даврони Истиқлол дар тарбияи мутахассисони соҳибкасби соҳаи санъати мусиқӣ нақши калидӣ дорад ва таъсиси Оркестри эстрадӣ қадами муҳим дар самти таҳкими пояҳои амалии таълими мусиқии эстрадӣ ба шумор меравад.
Рӯнамоии Оркестри эстрадӣ ҳамчун падидаи таърихӣ
Санаи 19 декабри соли 2022 дар таърихи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун рӯзи муҳимму хотирмон сабт гардид. Дар ин рӯз дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии расмии Оркестри эстрадии Консерватория баргузор шуд, ки онро метавон падидаи муҳимми таърихӣ дар рушди санъати мусиқии касбии тоҷик арзёбӣ намуд.
Таъсиси Оркестри эстрадӣ на танҳо як иқдоми эҷодӣ, балки марҳалаи нави рушди таълими мусиқии эстрадӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Бори аввал дар доираи муассисаи олии мусиқӣ оркестри махсуси таълимӣ-эстрадӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён таъсис ёфта, фаъолияти худро бо барномаи пурраи консертӣ ва иҷрои зинда оғоз намуд. Ин иқдом заминаи устувор барои омезиши донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалии саҳнавӣ фароҳам овард.

Дар татбиқи ин ташаббуси таърихӣ саҳми роҳбарияти Консерватория назаррас мебошад. Ректори муассиса Достизода Миралӣ таъсиси оркестрро ҳамчун қадами стратегӣ дар самти таҳкими пояҳои таълим ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир арзёбӣ намуда, онро самараи сиёсати фарҳангпарваронаи даврони Истиқлол медонанд.
Нақши ҳалкунанда дар ташаккул ва роҳандозии фаъолияти оркестр ба декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ Шарифов Хушнуд тааллуқ дорад. Бо ташаббус ва роҳбарии бадеии эшон ҳайати эҷодӣ муттаҳид гардида, барномаи консертии сатҳи баланд омода карда шуд. Ин иқдом муҳити эҷодиро дар факултет тақвият бахшида, имкониятҳои нави рушдро фароҳам овард.
Ҳамзамон, саҳми омӯзгори калон, навозанда ва оҳангсоз Умаров Ҷӯрабек дар таърихи таъсиси оркестр махсус зикр мегардад. Ӯ ба ҳайси роҳбари мусиқии оркестр дар таҳияи барномаҳо, коркарди асарҳо, тамрин ва омодасозии иҷрои зинда нақши калидӣ бозида, сатҳи касбияти ҳайати навозандагонро боло бурд. Фаъолияти ӯ дар ин раванд ба ташаккули оркестр ҳамчун мактаби амалии ҳунарӣ замина гузошт.
Барномаи рӯнамоӣ аз 14 номер иборат буда, беҳтарин намунаҳои санъати эстрадаи тоҷикро дарбар гирифт. Иҷрои зинда, маҳорати баланди навозандагон ва фазои тантанавии чорабинӣ ин санаҳоро ба як воқеаи таърихӣ табдил доданд.
Бо ин рӯнамоӣ дар таърихи консерватория саҳифаи нав боз гардид. Оркестри эстрадӣ имрӯз ҳамчун пояи муҳимми таълимӣ ва эҷодӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи санъати мусиқии эстрадӣ хизмат намуда, дар рушди фарҳанги миллӣ нақши арзанда мегузорад.
Бо таъсиси Оркестри эстрадӣ заминаи устувори таълимӣ-амалӣ дар факултет таҳким ёфта, имконияти фароҳам овардани таҷрибаи саҳнавӣ барои донишҷӯён васеъ гардид. Ин иқдом дар самти рушди санъати мусиқии эстрадии миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда мегузорад.
Рӯйхати навозандагони Оркестри эстрадӣ:
- Умаров Ҷӯрабек – роҳбари оркестр, омӯзгори калон (киборд)
- Қаландаров Далер – омӯзгори калон (бас-гитара)
- Каримов Шаҳбоз – омӯзгор (саксофон, кларнет)
- Боқиев Муҳаммад – омӯзгор (созҳои зарбӣ, драм)
- Эгамбердиев Шаҳзод – омӯзгор (гитараи барқӣ)
- Тошев Идибек – навозанда (рубоби прима, соло-гитара)
- Ниёзов Муҳаммад – навозанда (труба)
- Муслимов Нуралишо – донишҷӯ (скрипка I)
- Худоёрзода Абубакр – донишҷӯ (скрипка II)
- Авдиев Мусо – донишҷӯ (скрипка IV)
- Меҳрафзуни Абдулло – донишҷӯ (созҳои зарбӣ — конги, кахон)
- Ниёзов Сунатулло – донишҷӯ (гитар-ритм)
- Пиров Амрулло – донишҷӯ (саксофон)
- Палвонов Эмомалӣ – донишҷӯ (электроударник)
- Ёров Муҳаммад – донишҷӯ (флейта)
