Курсҳои омӯзишӣ ва нақши он дар омодасозӣ ва ҷалби кадрҳои эҷодӣ

Posted Wed, 13/05/2026 - 11:11
By admin
Курсҳои омӯзишӣ

Дар низоми таҳсилоти мусиқӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун маркази муҳимми тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи мусиқӣ мавқеи хоса дорад. Дар зарфи 23 соли фаъолияти Консерватория, бори нахуст роҳандозии курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати созҳои мусиқӣ ва санъати сарояндагӣ ҳамчун иқдоми нав ва муҳим амалӣ гардид.

Ҳадафи асосии таъсиси ин курсҳо фароҳам овардани дастрасии васеъ ба таҳсилоти мусиқии касбӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Курсҳо барои ҳама хоҳишмандон – аз наврасон то калонсолон – имкони ворид шудан ба ҷаҳони ҳунари мусиқиро фароҳам месозанд.

Барномаҳои таълимӣ фарогири самтҳои гуногуни санъати мусиқӣ буда, ба талаботи муосири таълим ҷавобгӯ мебошанд:

• омӯзиши созҳои суннатӣ, аз ҷумла рубоб (қошғарӣ ва бадахшонӣ), дутор, ғиҷҷак ва най, бо такя ба анъанаи «устод–шогирд» ва ҳамзамон истифодаи методикаи муосири нотавӣ;

• таълими сарояндагӣ дар жанрҳои гуногун: овози классикӣ (опера), сурудхонии мардумӣ ва эстрадӣ, бо таваҷҷуҳ ба гузориши дурусти овоз, техникаи нафаскашӣ ва маҳорати саҳнавӣ;

• омӯзиши созҳои муосир, аз қабили фортепиано, гитара, инчунин созҳои нафасӣ ва зарбӣ, ки миёни ҷавонон маҳбубияти зиёд доранд.

Яке аз бартариҳои муҳими курсҳо ҷалби устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзидаи Консерватория мебошад. Барномаҳо бо назардошти меъёрҳои таълими касбӣ таҳия гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба коромӯзон донишҳои асосии назариявӣ ва малакаҳои амалӣ пешниҳод менамоянд.

Муҳим он аст, ки ин курсҳо на танҳо омӯзиши техникӣ, балки ҳамчун зинаи омодагӣ барои идомаи таҳсил дар факултаҳои асосии Консерватория низ хизмат мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми зиёди хатмкунандагон пас аз анҷоми курсҳо ба таҳсилоти касбӣ рӯ меоранд.

Баргузории консертҳои ҳисоботӣ ва шабҳои эҷодӣ бо иштироки шогирдон нақши муассир дар тарғиби санъати касбӣ дошта, шавқу рағбати ҷомеаро ба мусиқӣ афзоиш медиҳад. Маросимҳои супоридани сертификатҳо ва баромадҳои ҳунарӣ нишон медиҳанд, ки Консерватория на танҳо муассисаи таълимӣ, балки фазои фаъоли эҷодӣ мебошад.

Муҳлати омӯзиш ва зинаҳои маҳорат

Низоми курсҳо бо дарназардошти сатҳи омодагӣ ва ҳадафҳои коромӯзон ба се марҳила ҷудо шудааст:

  • Курсҳои 3-моҳа (давраи шиносоӣ): барои навкорон, фарогири асосҳои ибтидоии мусиқӣ ва иҷрои асарҳои содда;
  • Курсҳои 6-моҳа (давраи такмил): барои рушди малакаҳо, омӯзиши амиқтари техника ва шиносоӣ бо назария ва таърихи мусиқӣ;
  • Курсҳои 1-сола (давраи касбӣ): барномаи мукаммал барои онҳое, ки нияти идомаи фаъолияти касбӣ доранд.

Дар анҷоми ҳар як давра ба хатмкунандагон сертификатҳои намунаи давлатӣ супорида мешаванд.

Ҳамин тавр, курсҳои омӯзишии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун падидаи нав дар фаъолияти 23-солаи муассиса, пули мустаҳкаме миёни ҳаваскорон ва таҳсилоти касбии мусиқӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳусейн Шарифов, муовини декани факултети фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ