Аз ваҳдати миллӣ то сулҳи ҷаҳонӣ
Шоми имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишери Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода М.М., раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода С.М. ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Б.Д. барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор гардид.
Зимни баргузории ҳамоиш аҳаммияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Ҳамзамон, аз қабули қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамчун иқдоми муҳим дар самти таҳкими сулҳу амният ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ёдоварӣ шуд.
Қайд гардид, ки қабули ин қатънома боз як нишонаи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақши кишварро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу ҳамзистии осоишта боз ҳам таҳким мебахшад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Файзалӣ Ҳасан, Муҳаррама Шарифзода ва дигар ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннуми сулҳу ваҳдат хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Барномаи фарҳангӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, таҷассумгари арҷгузорӣ ба неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдат ва пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда буд.
