Консерти бошукӯҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ
Шоми имрӯз, 15-уми январи соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти бошукӯҳи ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар барномаи консертӣ устодони Консерватория — Файзалӣ Ҳасан, Баҳодур Неъмат, Зоҳиршо Ҳайдаров, Абдураҳмон Матхолов, Далер Тиллоев, Беҳрӯз Сайфиддинов, Баҳоваддин Неъматов ва дигар ҳунармандон бо иҷрои суруду оҳангҳои дилнишин ва барномаҳои гуногуни ҳунарӣ баромад намуда, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.

