Рӯнамоии китоби Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан

Posted Wed, 05/28/2025 - 19:03
By admin
Файзалӣ Ҳасан

Имрӯз, 28-уми майи соли 2025, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертӣ ва рӯнамоии китоби «Бе хоки ватан ҳеҷам»-и Ҳофизи халқии Тоҷикистон, профессор Файзалӣ Ҳасан баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Назарзода Маҳмуд Мирзо, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ Аслиддин Низомов, омӯзгорону донишҷӯёни Консерватория ва алоқамандони шеъру мусиқӣ барпо гардид.

Рӯнамоии китоби Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан

Дар оғози чорабинӣ, ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Баҳодур Давлат чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ҳофизи маҳбуб Файзалӣ Ҳасан шогирди мактаби бузурги устод Одина Ҳошим аст, ки ин рисолати бузургро ба сарфарозӣ иҷро менамоянд. Аз он лиҳоз, ки мисли устоди бузургаш шеърро хеле хуб мефаҳмад, дар оҳангҳои дилнишини эҷодкарда мекӯшад, маънои шеърро саҳеҳтар пешниҳод кунад, шоирони муосирро ба доираи сурудофарон ворид менамояд. Устод Файзалӣ Ҳасан ба шоирони замонаш ҳамкорӣ намуда, ҳаёти пурҷӯшу хӯрӯши имрӯзаро васф мекунад. Ва табиист, ки дар эҷодиёти ӯ васфи Ватан – мавзуи марказист.

Сипас, раиси Иттиффоқи композиторони Тоҷикистон, профессор Амирбек Мӯсозода оид ба китоби устод Файзалӣ Ҳасан ибрози назар намуда, чопи чунин маҷмуаҳои таълимии нотавиро аз ҷониби устодони соҳа муҳим ва зарурӣ донистанд. Профессор Амирбек Мӯсозад таъкид намуд, ки устод Файзалӣ Ҳасан аз оҳангсозони фаъоли Иттиффоқи композиторони Тоҷикистон буда, пайваста дар ҳоли эҷоди асараҳои тозаанд.

Дар чорабинӣ 7 суруд –«Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Ба чӣ нозам?», «Бедилам», «Адаб аст», «Роғун», «Душанбе» ва «Якдилу яктан шавем!» аз ҷониби устод Файзалӣ Ҳасан ва шогирдонашон дар сатҳи баланд иҷро гардид.

Дар фарҷом, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Назарзода Маҳмуд ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур ҷиҳати баргузории барномаи консертӣ ва рӯнамоии китоб ибрози андеша намуда, ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан барои чопи китоби тозанашри «Бе хоки ватан ҳеҷам» ва баргузори чунин барномаи фарҳангӣ ҷаҳони сипос гуфтанд.

Барномаи фарҳангӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардида, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.