Таҷлили 80 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Консерватория
Аз рӯзҳои аввали моҳи май 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар таҷлил шуда, бахшида ба ин санаи таърихӣ силсилаи чорабинииҳо багзузор гардида истодааст. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ имрӯз, 13-уми майи соли 2025 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар консерт омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор ҳунарнамоӣ намуданд. Дар барномаи консертӣ суруду оҳангҳо дар мавзуи ҶБВ аз эҷодиёти композиторони маъруфи тоҷик, рус ва ҷаҳон иҷро гардид. Хоса иҷрои суруди маъруфи “Иди зафар” бар матни Боқӣ Раҳимзода ва оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷониби хори донишҷӯёни Консерватория дар сатҳи баланд иҷро гардид.
Барномаи консертӣ аз назари ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд. Дар фарҷом, ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ҷиҳати баргузории чорабинии идона ибрози андеша намуда, ба кулли нафароне, ки дар ин барномаи консертӣ саҳм гузоштанд изҳори сипос намуда, ҳозиринро ба муносибати 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба муборакбод намуданд.
Ҳамзамон, ба ҳайати хорсароёне, ки дар консерти дастаи калони ҷавонони кишварҳои иштирокдори ИДМ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштироки фаъол намуданд, миннатдории хешро баён намуданд ва дар кору фаъолияташон барору комёбиҳои беназирро таманно кардаданд.