«Шоми Фалакхонӣ» дар доираи баргузории панҷумин симпозиуми байналмилалии фалак

Барномаи «Шоми фалакхонӣ», ки дар асоси «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва доираи фестивал-симпозиуми байналмилалии Фалак – 2025 бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Барномаи фарҳангӣ дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун як шоми фаромӯшнашуданӣ таҳти унвони «Шоми фалакхонӣ» баргузор гардид, ки ҳар як нафарро ба олами аслу ҳунари миллӣ бурд!
Барномаи консертии Шоми фалакхонӣ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сурат гирифта, ҳунари сарояндагӣ ва навозандагии омӯзгорону донишҷӯёни ин ду муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг манзури иштирокдорон гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ, нахуст муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ намуда, иштирокчиёни фестивал-симпозиуми байналмилалии Фалакро бо сертификатҳо қадрдонӣ намуданд.
Сипас, барномаи консертӣ аз 13 иҷрои ҳунарӣ иборат буд, ки дар он намунаҳои нодири мусиқии суннатӣ, аз ҷумла:
-
«Фалаки Даштӣ»-и дилошӯб;
-
«Эй Сарвиноз»-и ошиқона;
-
«Фалаки Бадахшонӣ»-и кӯҳистонӣ;
-
«Фалаки Қаландарӣ»-и пурасрор бо як маҳорати беназир аз ҷониби навозандагону сарояндагони Консерваторияи миллӣ иҷро гардиданд.
Асбобҳои мусиқии асил, аз қабили сетор, рубоб, думбра, даф, уд, ғиҷак ва най таҳти ангуштони навозандагон садо дода, руҳи тамошобинонро ба парвоз дароварданд. Ин на танҳо мусиқӣ, балки нақли таърих ва ҳикмати гузаштагон буд!
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки роҳбари барнома, дотсент Саъдулло Каримзода, ҳамроҳ бо таҳиягарон Манучеҳр Бурҳонов, Фаридуни Ҳотам, Қурбон Давлатов, Зоиршо Ҳайдаров ва Лутфулло Шарифзода, як шоҳкории воқеиро офаридаанд.
Ҳамзамон, дар лаҳзаҳои хотимавии барномаи «Шоми фалакхонӣ», роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, бо ташаккур ва эҳтироми хос, иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангии бонуфузро барои саҳмгузорӣ дар ташкили чунин фазои фарҳангии асил ва миллии тоҷик, бо сипосномаҳои фахрӣ сарфароз гардониданд. Ин қадрдонӣ нишон дод, ки заҳмати ҳунармандон дар ҳифзи мероси миллӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад!
Барои ҳар як донишҷӯ ва устод, ки дар ҳифз ва рушди ин ганҷинаи миллӣ — Фалак саҳмгузоранд, арзи сипос мекунем! Ин гуна чорабиниҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги асили тоҷикӣ зинда аст ва бо нерӯи ҷавонон шукуфта истодааст!