Барномаи навбатии консертӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Posted Wed, 19/08/2026 - 21:39
By admin
35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Имрӯз, 19 августи соли 2026, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии устодону донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.

Ҳунармандони факултет бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва асарҳои эстрадӣ ба чорабинии идона ҳусни тоза бахшида, дар васфи Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Барномаи консертӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, боиси болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт гардид.